Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Грета Гарбо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Грета Гарбо
англ. Greta Garbo
Ном ҳангоми таваллуд англ. Greta Lovisa Gustafsson[1]
Таърихи таваллуд 18 сентябри 1905(1905-09-18)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 апрели 1990(1990-04-15)[5][6][7][…] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ
Пеша ҳунарпеша, бозигари синамо, ҳунарпешаи театр, раққоса
Солҳои фаъолият 1920 — 1941
Ҷоизаҳо
IMDb ID 0001256
Имзо
gretagarbo.com​(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Грета Га́рбо (англ. Greta Garbo, 18 сентябри 1905, Стокҳолм, Суэд — 15 апрели 1990, Ню-Йорк, ИМА), дар хурдӣ Грета Ловиса Густафссон (швед. Greta Lovisa Gustafsson) — ҳунарпешаи амрикоии шведитабор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1922-24 дар Омӯзишгоҳи салтанатии театри драмаи Стокҳолм таҳсил кард. Соли 1922 дар кино қувва озмуд. Нахустин нақшҳои чашмрасро дар филмҳои «Достони Йеста Берлинг» (1924, Шветсия), «Паскӯчаи ғамзада» (1925, Олмон) офарид. Соли 1925 ба Ҳолливуд омад. Г. дар филмҳо тимсоли драматикии занони идеалиеро офарид, ки пур аз шӯру илмҳом ва ё дурафтодаву маҳзунанд (филмҳои «Селоб», 1926; «Ҷисм ва шайтон», 1927; «Муҳаббат», 1927; «Бонуи илоҳӣ», 1928). Бо зуҳури кинои овоздор, пас аз аввалин бозии муваффақиятомез дар филми «Анна Кристи» (1930), Г., ки садои дурушту ҷаззобе дошт, ночор дар мелодрамаҳо нақшҳои васвасаангез бозид («Илҳом»; «Барору нобарориҳои Сюзанна Ленокс»; «Мата Хари», ҳама — соли 1931; «Ту маро чӣ гуна мехоҳӣ», 1932). Ӯ эҳсоси печидаю ноаёни қаҳрамонони хешро дар филмҳои сабки классикӣ бо зарофату самимият бозӣ кардааст («Шоҳбону Христина», 1933; «Анна Каренина», 1935; «Хонуме бо дастагули камола», 1937). Соли 1941 аз саҳнаи кино рафт.

Барои саҳми шоистааш дар ҳунари кино бо ҷоизаи «Оскар» сарфароз гардидааст.

  1. ↑ (unspecified title) — Cinematografo.
  2. 1 2 Katarina kyrkoarkiv, Födelse- och dopböcker, SE/SSA/0009/C I/38 (1905), bildid: 00006820_00152 — С. 118.
  3. ↑ Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
  4. ↑ Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
  5. ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  6. ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  7. ↑ filmportal.de — 2005.
  8. ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118537571 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
  • Г. Гарбо // Киноведические записки. 1991. № 9;
  • Дмитриева В. Г. Гарбо // Великие и неповторимые. М., 1993;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008..