4 сентябр
Намуди зоҳирӣ
| Сентябр | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| соли 2026 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
4 сентябр — 247-умин рӯзи сол (248-умин рӯз дар солҳои кабиса) тибқи тақвими григорӣ аст. 118 рӯз аз сол боқӣ мондааст.
То 15 октябри соли 1582, тибқи тақвими юлианӣ — 4 сентябр буд; аз 15 октябри соли 1582, тибқи тақвими григорӣ — 4 сентябр аст.
Дар асрҳои XX ва XXI, тибқи тақвими юлианӣ ин рӯз ба 22 август рост меояд.[1]
Ҷашнҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рӯзи гиромидошти Абурайҳони Берунӣ (дар Эрон).
Миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Тоҷикистон — Рӯзи китоб.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 4 сентябр
- 476 — Сарвари варварҳо Одоакр императори Рум Ромул Августулро аз тахт барканор кард, ки бо ин мавҷудияти Имперотурии Руми Ғарбӣ ба охир расид.
- 1870 — Дар Фаронса император Наполеон III аз тахт сарнагун карда шуд ва Ҷумҳурии Сеюм эълон гардид.
- 1888 — Ҷорҷ Истман тамғаи тиҷоратии «Kodak»-ро ба қайд гирифт ва барои аксбардораки дорои плёнкаи лӯлапеч патент ба даст овард.
- 1975 — Дар телевизион нахустин барномаи бозии зеҳнии «Чӣ? Дар куҷо? Кай?» пахш карда шуд.
Зодрӯзҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 4 сентябр
- 973 — Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик.
- 1928 — Акобир Адҳамов, физикдон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- 1968 — Бахтиёр Саидкаримов, муаррих[2].
Даргузаштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони 4 сентябр
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар садаҳои XX ва XXI тақвими григорӣ аз тақвими юлианӣ 13 рӯз пеш аст. Барои асрҳои дигар мувофиқати санаҳои григорӣ ва юлианӣ дигар хел аст; барои ҳисоби дуруст метавон аз конвертери махсуси санаҳо истифода кард
- ↑ Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018) / Мураттиб Ё. Сучонӣ; Зери таҳрири умумии А. Мирализода; Муҳаррирон Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. — Душанбе, 2017. — 393 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- days.peoples.ru/0904.html Бойгонӣ шудааст 19 июли 2006 сол.
- calend.ru/day/9-04/